Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ шуд

Февраль 5, 2024 17:35

 ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми рақамӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, муовини Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев  бо  Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Ҷумҳурии Исломии Эрон Исо Зарепур мулоқот  намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ табодули афкор намуданд. Яке аз бахшҳои асосии мулоқот тақвияти робитаҳо дар доираи муқаррароти «Ёддошти тафоҳуми ҳамкории почтавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон» буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 «Ёддошти тафоҳуми ҳамкории почтавӣ байни  «Почтаи Тоҷик» ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон» ба имзо расид.

Ба имзо расидани ёддошт дар соҳаи почта заминаи ҳамкориро байни Тоҷикистон ва Эрон дар ин бахши соҳаи алоқа тақвият бахшида, ба рушди ҳамгироии боэътимод мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки муовини Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва панелҳои он, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, иштирок намуд.

Иштирокчиён табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар давлатҳояшон, рақамикунонии иқтисодиёти давлатҳои Созмон, мушкилот ва дурнамои рақамисозӣ барои рушди устувор, нақшаҳо ва дурнамои рушдро баррасӣ намуданд.

Роҳбарони вазорату идораҳои  масъули рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ инчунин мушкилоти мавҷудаи нобаробарии рақамиро байни давлатҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ иброз намуданд.

Бо мақсади мусоидат ба шарикии рақамӣ барои рушди устувори иқтисодиёти рақамӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои барқароршударо нигоҳ дошта ва таҳким бахшида, табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро идома диҳанд ва ба ин восита ба коҳиши мунтазами нобаробарии рақамӣ мусоидати фаъол намоянд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ андешаҳояшонро ҷиҳати амиқтар намудани ҳамкорӣ дар самти рушди трансформатсияи рақамӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ва ба ин васила такони нав бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва технологии иқтисодиёти давлатҳои Созмони ҳамкории  Шанхай  баён намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои пешбурди қарорҳои ҳукумати электронӣ, табодули дониш дар бораи таҷрибаи муваффақ ва омӯхтани имконияти лоиҳаҳои муштарак ҳамкорӣ намоянд.

Ҷаласаи навбатии роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории  Шанхай  барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ соли 2025 баргузор мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад