КОРҲОИ ҶУЗЪИ ЧОРУМ ДАР НБО-И «РОҒУН». Маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд барои анҷоми он нигаронида шудааст

Февраль 5, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 05.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди саудии рушд» мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, ба овоз монда шуд ва қарор тасдиқ гардид. Созишнома аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд, ки 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, амалӣ гардида, барои идомаи иҷрои корҳои ҷузъи чорум дар НБО-и «Роғун» нигаронида шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ­ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 24 январи соли 2024 баргузор гардид, масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд» баррасӣ гардид.

Зимни баррасиии масъалаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи НБО-и «Роғун» ба қисматҳои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ ҷудо гардида, дар навбати худ корҳои сохтмонӣ аз 4 ҷузъ — якум: таъмин ва насб намудани чор турбинаи нав, навсозӣ ва нигоҳдории ду турбинаи пешина бо иқтидори 600 МВт, таъмин ва насби трансформаторҳо ва таҷҳизоти ёрирасон; дуюм: сохтмони сарбанди асосӣ бо баландии 335 метр, дарозии 760 метр ва паҳноии 20 метр. Илова ба ин, ҷузъи мазкур корҳои сохтмонӣ ва коркарди масолеҳро, ки дар умқи сарбанд воқеъ аст, дар бар мегирад; сеюм: сохтмони иншооти соҳилии тарафи рост — чаҳор нақби гидротехникии обпарто бо мақсади таъмини интиқоли селоб ва ҷузъи чорум: сохтмони иншооти соҳилии тарафи чап — шаш канали обӣ барои таъмини ҷараёни баланди об ба турбинаҳо барои тавлиди неруи барқ иборат мебошанд.

Қисмати хизматрасониҳои машваратии лоиҳа бошад омода намудани таҳлилҳо, арзёбӣ, асос­ноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳакашии нақшаҳо, ҳуҷҷатҳои озмунҳои харид ва назорати сохтмонро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки қарзи пешниҳодшуда имтиёзнок буда, дорои элементи грантии 35,46 фоиз мебошад.


Дар ин мавзуъ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода гуфт, ки таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардондани талаботи афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии мамлакат аз худ кардани иқтидори нави гидроэнергетикиро тақозо менамояд.

«Тибқи таҳлилҳо, рушди демографӣ, суръати баланди саноатикунонии мамлакат боиси ҳамасола 2-2,5 дарсад афзудани талабот ба неруи барқ мегардад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мебошад, ки бо иқтидори 3600 мегаватт имкон дорад на танҳо ҷумҳурии мо, балки кишварҳои минтақаро бо барқи тоза таъмин намояд»,- афзуд Рустам Латифзода.

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин хусус ибрози андеша намуда, гуфт, ки Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи НБО –и «Роғун» байни Ҳукумати Ҷумҳурии аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҳуҷҷати муҳим дар самти қарзгирии беруна маҳсуб мешавад.

«Ноил шудани роҳбарияти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин қарзи имтиёзнок ва дорои унсури грантӣ, пеш аз ҳама, аз сиёсати муваффақонаи хориҷии мамлакат бо сарварии Пешвои миллат, амну субот ва бахши барои ҷалби инвеститсия қобили эътимод будани соҳаи энергетикаи мамлакат дарак медиҳад»,- таъкид намуд Файзулло Баротзода.

Хотиррасон мешавем, ки Фонди саудии рушд яке аз ташкилотҳои бонуфузи инвеститсионӣ дар олами ислом ба шумор рафта, бо ҳукуматҳои давлатҳои рушдкунанда ҳамкорӣ менамояд. Ҳоло фонди мазкур дар 82 кишвари ҷаҳон 687 лоиҳаро маблағгузорӣ менамояд, ки он соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва коркарди маъданро фаро мегирад.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли 2023 пас аз мулоқот бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди саудии рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, ки бо сафар дар Душанбе қарор дошт, чунин гуфт: «Имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд доштам. Дар мулоқот оид ба маблағгузорӣ ба лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Фонди Саудии Рушд суҳбат намудем. Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаҷми 100 миллион доллари амрикоӣ баргузор мегардад».

Султон Абдулраҳмон ал-Маршад тазаккур дод, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Фонди саудии рушдро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудем. Бояд гуфт, ки Фонди саудии рушд шуруъ аз соли 2002 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. То ин муддат 12 лоиҳаи рушдро маблағгузорӣ намудааст, ки ин лоиҳаҳо барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳаҷми умумии маблағгузории Фонди саудии рушд дар бахшҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз тақрибан 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфти Раиси Фонди саудии рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, маблағгузории ҷониби Саудӣ ба ин лоиҳаи бениҳоят муҳими минтақавӣ дар заминаи он амалӣ мешавад, ки Арабистони Саудӣ ба рушди ҳамкории судманд, бахусус дар соҳаи рушд бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

«Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини минтақавӣ арзёбӣ мегардад, зеро он бо иқтидори кулл дар оянда бо истеҳсоли неруи барқ дар ҳаҷми 3,6 Гигаватт барои рушди на танҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ саҳми арзанда ҳоҳад гузошт», — таъкид намуд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад.

«Ин лоиҳа (НБО-и «Роғун») дар баробари он ки ба рушди иқтисоди «сабз» мусоидат менамояд, дар баробари ин ба пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ саҳм мегузорад. Дар ин замина мо аҳамияти бузурги лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро қоил ҳастем ва ҳамеша барои татбиқи ин лоиҳа дар паҳлуи Тоҷикистон қарор хоҳем дошт. Маблағгузории худро дар ин лоиҳа дар якҷоягӣ бо дигар шарикон ва фондҳои рушд идома хоҳем дод. Умедворем, ки дар оянда наздик бо маблағгузории дигар шарикони рушд ҳарчи зудтар ин лоиҳа татбиқ ёбад ва дар маросими пурра ба истифода супоридани он иштирок намоем», таъкид кард Раиси Фонди саудии рушд.

Номбурда изҳор дошт, ки Фонди мазкур дар оянда низ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон иштирок ва маблағгузорӣ менамоянд. Чандин лоиҳаҳои рушде ҳастанд, ки аз ҷониби Фонд матраҳ шудаанд ва мавриди арзёбӣ қарор доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ
«Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид
Аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт
Тоҷикистону Бангладеш гардиши савдоро байни ҳам бамаротиб зиёд мекунанд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо вазъи корҳои саҳро дар хоҷагиҳои кишоваразии Ҷамоати деҳоти Навобод шинос гардид
IRS: Нуқтаҳои вазнченкунӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ мекунанд
Дар Панҷакент Форуми минтақавии саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Шурои Фонди иқлими сабз аккредитатсияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зистро тасдиқ намуд
Бонки ҷаҳонӣ: «Иқтисоди Тоҷикистон солҳои охир ба таври назаррас рушд ёфтааст»