НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 2 млрд 448,8 млн доллар маҳсулот содирот шудааст

Февраль 11, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 2 миллиарду 448 миллиону 800 ҳазор доллар маҳсулот содирот шудааст. Дар ин хусус 9 феврал зимни нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Аз ҷумла, ба маблағи 2 миллиарду 400 миллиону 700 ҳазор доллар маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2022 15 фоиз афзоиш ёфтааст. Маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 177 ҳазору 900 тонна ба маблағи 48 миллиону 100 ҳазор доллар содирот шудааст. Аз ин 83 ҳазору 300 тонна меваи хушк, 60 ҳазору 700 тонна сабзавот, 27 ҳазору 700 тонна маваҷот ва 6 ҳазору 200 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Тавре Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишаст иброз дошт, тибқи таҳлили ҳолати сифати маҳсулоти содиротшуда Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи кори пурсамари хоҷагидорону кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин дар таъмини устувории маҳсулоти бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нақши назаррас дорад.

«Вобаста ба ин Агентии содирот тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҳамзамон тавассути дастгирии молиявии шарикони рушди ҷумҳурӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бунёди инфрасохтори Парки технологию логистикиро оғоз намояд. Инфрасохтори бунёдшаванда аз корхонаҳои муосири коркард, банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, маркази тақсимоти яклухти сабзавоту меваҷоти барвақтӣ, маҷмааҳои анбори нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла анбори сарди нигоҳдории маҳсулот, минтақаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулот, истгоҳи мошинҳои боркаш ва будубоши ронандагони онҳо, аз ҷумла воситаҳои нақлиётие, ки дар доираи маблағгузории давлатӣ харида мешаванд, иборат мегардад.

Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши содироткунандагон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот, маркетинг ва логистика ҷиҳати таъсиси Мактаби содирот корҳои ташкилӣ оғоз шуданд. Ҳамзамон лоиҳаи Консепсияи ташкили марказҳои логистикӣ таҳия ва тавассути Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи он пешниҳод гардидааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад