«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт Мусобиқаи 5-уми байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» Мусобиқаи 5-уми байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқа -ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ мебошад.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






