Қурбон Ҳакимзода: «Тибқи «Харитаи роҳ» Русия ба Тоҷикистон 300 ҳазор тонна тухмии зироати равғандиҳанда ворид месозад»
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Харитаи роҳ», ки байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд, соли 2024 воридоти 50 ҳазор тонна тухмии зироати равғандиҳанда аз Русия ба Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар нақша аст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Вазири кишоварзӣ, тибқи ин санад ба ғайр аз такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ дар заминаи донишгоҳҳои аграрии ду давлат ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва аз Русия ба Тоҷикистон воридоти техникаҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои зироати равғандиҳанда дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна амалӣ шавад.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар айни замон корҳо дар самти воридсозии 50 ҳазор тонна тухмиҳо дар марҳилаи аввал идома дошта, дар назар аст, ки моҳи феврал ворид шаванд.
«Барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ «Харитаи роҳ» байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд»,-таъкид гардид дар нишаст.
Ёдоварӣ шуд, ки санади мазкур зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Федератсияи Русия Дмитрий Патрушев дар шаҳри Москва, дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






