Дар Душанбе барои омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар шаҳри Душанбе доир ба омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машғулияти омӯзишӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, директори Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, роҳбарони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби мамлакат, мураббиён ва намояндагони федератсияҳои варзишии намудҳои олимпӣ иштирок намуданд.
Машғулияти омӯзишӣ дар доираи нақшаи баргузории даврҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мегузарад. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Узбекистон 3 мутахассиси сатҳи байналмилалӣ дар самти назорати допингӣ дар варзиш, менеҷменти варзиш ва ҳаракати олимпӣ даъват гардидааст, ки давоми 3 рӯз ба мутахассисон раванди ин олимпиадаро меомӯзанд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба меҳмонону мутахассисони соҳаи варзиши Узбекистон барои гузаронидани машғулияти омӯзишӣ изҳори сипос намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки меҳмонону мутахассисони ҷалбшуда аз усулҳои нави корбарӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон истифода бурда, ба шунавандагону иштирокчиён маҳорати заруриро вобаста ба самти фаъолият дар соҳаи варзиш меомӯзонанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳадафи баргузории машғулияти омӯзишӣ тайёрии ҳамаҷонибаи мутахассисону варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, он аз 13 то 15 март идома меёбад.
АКС аз сомонаҳои боз








Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт






