Дар шаҳри Сочии Русия Фестивали ҷаҳонии ҷавонон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Фестивали ҷаҳонии ҷавонон анҷом ёфт, ки дар он ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 275 нафар аз ҳисоби кормандони ҷавони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок намуд.
Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон мутахассисони аз 18 то 35-солаи соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, соҳибкорӣ, илму фарҳанг, варзиш, кормандони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, воситаҳои ахбори омма, волонтёрон ва намояндагони дигар бахшҳои фаъолияти ҷамъиятӣ буданд.
Бояд гуфт, ки аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон 230 нафар аз 1 то 7 март дар чорабиниҳои асосии фестивал иштирок намуда, ба Ватан баргашт.
Беш аз 40 нафари дигар аз 7 то 18 март дар марҳилаи минтақавии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон иштирок менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






