ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд

Март 17, 2024 15:29

РӮДАКӢ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-  Ваҳдат аз ҷониби раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир  шуд, ки зимни ин  ҳашари ниҳолшинонӣ зиёда аз 1800 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.  Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Ҳашари ниҳолшинонӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сабзазоркунӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагӣ доир шуд.

Мутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф Саидмуродзода иброз  дошт, ки дар асоси қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 16 ҳазору 310 бех ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз, мевадиҳанда   ва зиёда аз 4000 бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонда шуданд. Қисми зиёди дарахтон  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия, дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат шинонида шуданд.


Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар маркази ноҳия аз тарафи кормандони Хоҷагии манзили коммуналӣ қариб сад ҳазор бех лолаҳои гуногун шинонида шуданд.

Масъулини ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтаанд, ки дар  Фестивали гулҳо  «Сайри гули лола», ки  охири моҳи апрел ҷамъбаст мегардад,  сазовори ҷойи намунавӣ гарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Март 17, 2024 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд