Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуданд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд. Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.
Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.
Бо дахли суннатҳои наврӯзӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ роиҷанд. Инчунин ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






