35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик 258 иншоот бунёд ва барқарор карда мешаванд
ТЕМУРМАЛИК, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бунёду барқарорсозии 258 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 88 адади он ба истифода дода шуда, дар 170 иншооти дигар сохтмон идома дорад. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.
Инчунин дар ноҳия дар баробари корҳои созандагӣ ва тозаю озода намудани муҳити зист аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо шуруъ намудаанд.
Бино ба иттилои сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик Файзиддин Нурзода, маъракаи ниҳолшинонӣ дар ду паҳлуи шоҳроҳи Данғара-Темурмалик-Балҷувон идома дошта, то 2 ҳазор ниҳоли ороишию сояафкан шинонида мешавад. Дар баробари ин кормандони корхонаю ташкилот дар назди биноҳои маъмурӣ гулу бутта ва ниҳол мешинонанд.
Зимни шинонидани ниҳолҳо қоидаҳои агротехникӣ риоя шуда, сокинон ва кормандони ташкилот барои нигоҳубини ниҳолҳо муваззаф мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор баъд аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Беш аз 17 километр роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол мумфарш карда мешавад
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Назари коршинос дар ин мавзуъ
Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Деваштич мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд






