Дар Ашт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд

Апрель 14, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки мактаби нав дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии бинои нави таълимӣ иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳамсозии шароити арзандаи таълиму тарбия аз тамоми имконият истифода менамояд.

Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Ашти деҳоти Ашт барои 800 хонанда дар ду баст сохта шудааст.

Он аз 4 ошёна иборат буда, дорои 20 синфхонаи таълимӣ, ошхона бо 100 ҷой, 2 синфхона — озмоишгоҳи замонавӣ, толори замонавии варзишӣ, майдончаи варзишӣ барои футбол ва маҷлисгоҳ бо 200 ҷой мебошад.

Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳа, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» фармоишгари иншоот ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд (Фонди Саудии Рушд) ва пудратчӣ ҶДММ «ТИСМ» аз маблағгузорон мебошанд.

АКС: Хадамоти матуботи Раиси вилояти Суғд

 

Апрель 14, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар ИМД эълон мегардад
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи байналмилалӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд