Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

Апрель 17, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат дар вохӯрии муштараки Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Алексей Груздев дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин (Москва, 22 ноябри 2023 ва Қазон, 21 феврали 2024) баррасӣ намуданд.

Дар ин замина аҳамияти минбаъд ҳам вусъат додани талошҳои муштарак баҳри татбиқи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия, аз ҷумла таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни ду давлат, таҳкими робитаҳои саноатӣ байни корхонаҳои соҳавӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳо махсус таъкид гардид.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад