Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд

Апрель 15, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид татбиқ менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бо истинод ба эзоҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 бо мақсади татбиқи принсипи муомила ба мисл, шуруъ аз 20 апрели соли 2024 низоми раводидӣ нисбат ба дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия татбиқ мегардад.

Шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дастрас намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 15, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд