Тоҷикистон ва Туркманистон тасмим гирифтанд, ки нархгузории ягонаро барои интиқолдиҳандагон амалӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистону Туркманистон низоми ягонаи нархгузориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика таҳия ва ҷорӣ менамоянд. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Роҳбарони мақомоти нақлиёти ду давлат пас аз анҷоми вохӯриҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои сатҳи баланд дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.
Азим Иброҳим ва Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд, ки байни марказҳои логистикии ду давлат ҳамкории зич ва мутақобилан судманд намуда, ба нархгузорӣ муносибати ягона зоҳир карда, барои хизматрасониҳои байналмилалии боркашонӣ нархҳое ҷорӣ мекунанд, ки барои интиқолдиҳандагон қулай бошанд.
Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва боркашониро баррасӣ намуданд.
Ба дурнамои густариши интиқоли транзитии борҳои тоҷик тавассути Туркманистон ва бунёди долони нақлиётӣ, ки ду давлатро бо дастрасӣ ба баҳри Каспий ба ҳам мепайвандад, диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки талошҳои ҳарду давлат бояд барои расидан ба ҳадафи асосӣ – бунёди инфрасохтори боэътимод ва муосир, ки системаҳои нақлиётии Осиеи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро таъмин метавонд, равона карда шаванд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷуҳмурии Тоҷикистон








Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд
Дар Латвия дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Агентии инноватсия барои таҳияи платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ озмун эълон менамояд
Ҳамкории молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ду корманди «Амонатбонк» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» гардиданд






