Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи назоратӣ-буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа вакилони парлумонҳои миллӣ ва масъулони Котиботи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, якчанд масъалаи таъмини молии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуданд.
Дар доираи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои маблағгузории ҷории фаъолияти Ассамблея, ташаккул ва иҷрои буҷети он баррасӣ гардида, лоиҳаи санадҳои меъёрии маҳаллӣ, инчунин қарорҳои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба самтҳои молиявии фаъолияти Ассамблея дида шуданд.
Мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ натиҷаҳои кори комиссия барои соли 2023 ҷамъбаст гардид.
Дар интиҳо иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин нақшаи навшудаи кории Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои соли 2024 баррасӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд






