Ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хатлон ва Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Чин тақвият меёбад

Май 27, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти ҳайати Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Шариф Назарзода ва ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Сюй Ефэн Протокол оид ба тақвият додани ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Тибқи муқаррароти Протокол ва созиши бадастомада, аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба давлатҳои ҳамдигар ташкил шуда, ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вусъат меёбад.

Дар мулоқот инчунин масоили ҳамкории дуҷониба байни мақомоти милитсияи вилояти Хатлон ва политсияи шаҳри Шанхай дар самтҳои омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, табодули таҷриба оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва равандҳои террористиву экстремистӣ, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ ва бозомӯзии кормандони милитсия баррасӣ гардид.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Май 27, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид