Як гурӯҳ ҷавонони тоҷик дар Форуми омӯзишӣ ва табодули малакаи роҳбарии ҷавонони Чин иштирок менамоянд

Май 15, 2024 10:36

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми омӯзишӣ ва табодули малакаи роҳбарии ҷавонони Чин ва Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони «Пул ба сӯи оянда» баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум аз 15 то 22 май дар шаҳрҳои Шинҷон ва Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, бо ин мақсад 5  корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ ба ин давлат сафар намуданд.

Мақсади форум тақвият бахшидани малакаи роҳбарӣ, ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсат, варзиш, илм, маориф, фарҳанг, саноат, сайёҳӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2024 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид