БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар ноҳияи Шаҳристон толори варзишӣ ифтитоҳ гардид

Май 24, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мегардад, дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти варзишӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, иттилоъ дода шуд, ки ин толор дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 сохта шуда, туҳфаи арзанда ба хонандагон ва дӯстдорони варзиш аст.

Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз ёфта, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сокинону соҳибкорон, инчунин саҳми нафароне, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро эҳдо намуданд, қомат афрохта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Толори варзишӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои замони муосир бунёд ёфта, барои машғул гаштан ба намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, гӯштин, шашкаву шоҳмот ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин иншоот дорои утоқи корӣ, ҳуҷраи шустушӯ ва либосивазкунӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Шаҳристон варзишгарон ва дӯстдорони варзиш хеле зиёд буда, дастпарварони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ шарафи ноҳия ва мамлакатро боло мебрадоранд. Чунончӣ, дастаи футболи духтаронаи ноҳия дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал гардидааст.

Таъкид гардид, ки дар партави мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти имсол баргузор гардид, сокинон, шахсони гуногункасб, алалхусус занону собиқадорон ба корҳои хайру савоб ва ободониву созандагӣ бештар машғул мешаванд. Ин аст, ки дар бунёди ин толори варзишӣ як гурӯҳ шаҳрвандон маблағи барои ҳаҷ пасандозкардаашонро сарф намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 24, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд