Чаро маркази ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод ба партовгоҳ табдил ёфтааст?

Май 15, 2024 11:24

НУРОБОД, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод дар замони гузашта маркази ноҳияи Нуробод ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, дар айни замон аз сабаби бемасъулиятии роҳбарони Ҷамоати деҳоти Меҳробод, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия мавзеъҳои атрофи ҷамоат ба партовгоҳ табдил гардидаанд. Ҳамчунин макони тақсимоти оби нӯшокии як қисми аҳолӣ, атрофи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Нуробод ва муассисаи таълимии ҷамоат ба талаботи санитарию гигиенӣ мутобиқ нест.

Зимни нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Нуробод вобаста ба ҷамъбасти соли 2023 хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулин сабабҳои ба партовгоҳ табдил додану ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани маркази ҷамоати деҳоти Меҳрободро пурсон шуд. Мутаассифона, масъулини ноҳия ин мушкилиро тасдиқ намуда, гуфтанд, ки як қисми партовгоҳро бо хок пур кардаанд ва қисми дигари онро низ бо хок пур менамоянд.

Вале саволе пайдо мегардад, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва Ҷамоати деҳоти Меҳробод чаро барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ташкил наменамоянд? Чаро Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия партовро ба партовгоҳи расмии ноҳия намекашонад?

2 ноябри соли 2012 бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист, кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо ва мукаммал намудани механизми баҳисобгирии онҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб баромада буд, вале Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ин қарори ҳукуматро амалӣ намекунад ва бо сабаби гузаштани зиёда аз даҳ сол иҷрои ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод таъмин нагардидааст.

Аз ҳамин сабаб партовҳо дар сатҳи мақомоти маҳалӣ назорат карда намешаванду маркази ҷамоати деҳоти Меҳробод ба партовгоҳ табдил ёфтааст. Ин ҳолат ба ҳифзи муҳити зист ва саломатии одамон таъсири бад мерасонад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вазифадор мебошад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар маҳалҳои аҳолинишин нуқтаҳои партовҷамъкунии расмӣ бунёд намуда, механизми базараргардонию интиқоли онро ба партовхонаи ноҳия ё дигар партовхонаҳои расмӣ ташкил намояд.

Дар зер суратгузориш аз ҷои воқеа манзури хонандагон мегардад. Тавре ки мегӯянд, «шунидан кай бувад монанди дидан».

 

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Пешвои миллат: «Дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем»
Эмомалӣ Раҳмон: «Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»