Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид

Май 24, 2024 15:01

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матуботӣ баргузор кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни нишасти матбуотӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён изҳор дошт, ки «аз номи давлат ва мардуми кишвари Эрон ташаккур ва қадрдонии худро аз мақомоти олимақоми Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ибрози ҳамдардӣ ва тасаллият ба давлат ва мардуми Эрон бобати шаҳодати Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон Амирабдуллоҳиён ва ҳамроҳонаш эълом менамоям».

Дар идомаи нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ самимона алоқаманди мардуми Тоҷикистон буд. Ҳамин аст, ки нахустин сафари расмии хориҷиашро маҳз ба Тоҷикистон анҷом дод. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ дар оғози кори давлатӣ равобити дӯстона ва самимонаи худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намуд. Дар ҳамин замина сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз 8 сол баргузор шуд. Таҳти роҳбарии Президентони ду мамлакат ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ авҷ гирифт.

Гуфта шуд, ки давоми фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ 5 мулоқоти Президентони ду мамлакат дар фазои дӯстона, бародарона ва самимона баргузор гардид.

Ҳамчунин дар даврони президентии Сайидиброҳим Раисӣ нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Теҳрон доир гардид.

Ба иттиллои Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, давоми се соли гузашта бештар аз сад ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эрон табодул шуда, зиёда аз 50 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба тасвиб расиданд. Дар умум, ҳаҷми додугирифти иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон аз 60 миллион доллар то ба 320 миллион доллар афзуд. Ҳоло байни ду мамлакат 4 парвози мустақим дар як ҳафта анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин соли 2022 дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи ҳамон сол дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд Рӯзҳои фарҳанги Эрон бо ҳузури садҳо намояндагони аҳли ҳунар ва адаби ду давлати дӯст ва бародар гузаронида шуданд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин аз нақш ва саҳми густурдаи вазири корҳои хориҷии Эрон Амирабуддулоҳиён ёдовар шуданд. Таъкид карда шуд, ки дар раванди инкишофи муносибатҳои ду мамлакати дӯст, бародар ва ҳамфарҳангу ҳамзабон вазири корҳои хориҷии Эрон Амирабуддулоҳиён нақши муассир дошт.

Хотиррасон менамоем, ки 19 май Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расиданд.

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ баён намуданд.

Зимни изҳори ҳамдардӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши арзишманди шодравон Сайидиброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуданд.

Акрам САНГЗОДА,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Май 24, 2024 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад