Дар Тоҷикистон ҷаласаи 42-юми Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 42-юми Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҷаласаи ситод инчунин ҷаласаи 25-уми Шурои ҳамоҳангсоз доир ба рекламаи назди Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ баргузор мегардад.
Дар ҷаласаҳо масъалаҳо оид ба чорабиниҳои асосӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, фаъолияти Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ, тасдиқи гузориш «Оид ба фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бозорҳои алоҳидаи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар шароити ҳозира, ҳамкории Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва Иттиҳодияи минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва дигар масъалаҳо баррасӣ мешаванд.
Дар кори ҷаласаҳо намояндагони мақомоти зиддиинҳисории ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Иттифоқи коргузорони зиддиинҳисории АвруОсиё ва Ассотсиатсияи «Маркази тиҷорати рушди иқтисоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» иштирок менамоянд.
Дар ин рӯзҳо вохӯрии якуми роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад, ки дар кори он муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Соҳайл Хон, роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Намояндаи Ҷумҳурии Беларус ҳамчун мушоҳидачӣ иштирок мекунад.
Иштирокчиён доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва сохтори ташкилии ҳайати коллегиалии роҳбарони идораҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид






