РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Нашри махсуси рӯзномаи «Паёми Душанбе» ба ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нашри махсуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе», ки нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, ба ташаббуси глобалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Нашри махсус аз 8 саҳифаи ранга иборат буда, бо теъдоди 3500 нусха чоп гардид ва муҳтавои он пурра фарогири ташаббуси байналмилалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди эътироф гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 2 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.


Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.



Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфт.
АКС: Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе»











Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






