Дар шаҳри Санкт-Петербург вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дар мулоқоти намояндагони ду давлат дар шаҳри Санкт-Петербург доир шуд. Зимни он фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, омода намудани ҳуҷҷатҳои пеш аз сафар, аз ҷумла гузаштани ташхиси тиббӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин давлат ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бо назардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз мавзуъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди амал қарор дорад.
Бо назардошти вазъи воқеӣ ва зарурати фароҳам овардани шароити ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона ҷалб мегарданд, ҷонибҳо омодагиашонро барои таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуфташуда ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд






