МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тарбуз организмро аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад

Июнь 18, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки дар фасли тобистон барои организми инсон барои мубориза бо нури ултрабунафш якчанд маҳсулот зарур аст, ки асосиаш тарбуз мебошад. Тарбуз организмро аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад. Инчунин дар он моддаи ликопин мавҷуд аст, ки барои мубориза бо радиатсияи гуногун ёрӣ медиҳад.

Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар фоида дорад. Агар тарбуз истеъмол кунед, ба чашм ва қобилияти фикркуниатон фоидаовар аст. Ба гуфти мутахассисон, дар тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 чашмро аз ҳар хел инфексияҳо ҳимоя ва  хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.

Ба гуфтаи мутахассисони тиб, беҳтарин вақти тановули тарбуз мобайни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда бошад. Вале агар инро бар болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад.

Тарбуз муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад. Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд. Инчунин норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад, ки дар таркиби тарбуз магний бисёр аст. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро муътадил нигоҳ медорад. Ҳамчунин магний асабониятро рафъ намуда, ба кас оромӣ мебахшад. Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Аз ин рӯ, агар дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз вазни зиёд ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ бо осонӣ метавонанд вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад.

Нафароне, ки гирифтори фишори баланди хун ҳастанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Миёни тамоми набототи дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад.

Ба гуфтаи табибони уролог, донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки бо фаро расидани фасли тобистон талаботи истеъмолкунандагон ба тарбуз бештар мешавад. Аммо интихоби тарбузи хуб барои харидорон мушкил аст. Аз ин рӯ мо чанд маслиҳатро барои интихоби беҳтарин тарбуз ба хонандагон пешниҳод менамоем:

— Тарбузи пухтарасида аз рӯи қоида калонҳаҷм буда, вазни он нисбат ба андозааш камтар мебошад, аз ин сабаб ҳангоми харидорӣ тарбузи вазнаш нисбат ба ҳаҷмаш сабуктарро интихоб намоед ва агар мавсими тарбуз каме гузашта бошад, аз ҳад зиёд сабукашро интихоб накунед, зеро он аз ҳад зиёд пухта расида, обаш кам шудааст ва таркибаш ҳам монанди «пахол» гаштааст.

— чӣ қадаре, ки фарқ байни рангҳои равшан ва торики рахҳои тарбуз зиёдтар бошад, эҳтимоли сурх ва ширин будани тарбуз зиёд аст ва аз ин сабаб ҳангоми харидорӣ ба ранги тарбуз диққат диҳед.

— донандагон тарбузи пухтарасидаро ба воситаи даст кардан ва фишурдан муайян карда метавонанд. Ҳангоми бо пушти ангушт задан, агар ҳар чӣ қадаре садои он баландтар (монанди доира)  барояд, ҳамон қадар тарбуз пухтагӣ ва ширин мешавад.

— одатан тарбузи пухтарасида дар он қисми пӯчоқи худ, ки ҳангоми нашъунамо ба замин хобида буд, доғи зард пайдо мекунад. Дар тарбузи хом бошад, ин доғҳо сафедтар мебошанд.

— тарбузи дер боз ба фурӯш нарафта аз тарбузи тару тоза бо он фарқ мекунад, ки рангаш хиратар шудааст ва ҳангоми даст кардан мулоимтар мебошад. Тарбузи тару тоза баръакс, рангаш равшан ва тарангтар мебошад.

 АКС аз бойгонӣ

Июнь 18, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо ташаббуси Вазорати адлия дар ноҳияи Муъминобод бо сокинон вохӯрӣ доир гардид
Дар Бадахшон дар шаш моҳи соли равон ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 19 фоиз зиёд гардидааст
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Дар Душанбе пойгоҳи миллии ройгон барои ҷустуҷӯи кор ва коргарон муаррифӣ гардид
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
13-14 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел ва чангу ғубор дар назар аст
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
Пешвои миллат ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа автомошинаҳои хидматӣ тақдим намуданд
Дар 30 сол дар Тоҷикистон 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар рӯзҳои гарми тобистон саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намоед
8 июл дар якчанд ноҳияҳои вилояти Суғд сел омад