Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ.20.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ доир ба масъалаи «Рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ғайрат Азиззода сухан намуда, иброз дошт, ки парлумони доимоамалкунандаи касбӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷик яке аз шохаҳои муҳимми ҳокимияти давлатӣ маҳсуб шуда, дар рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии Тоҷикистони тозаистиқлол туфайли қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва такмилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии мамлакат саҳми бориз дорад.
Таъкид гардид, ки фаъолияти ин ниҳоди олии қонунгузор вобаста ба дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ мутобиқ карда шуда, барои танзими муносибатҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии сиёсати давлат – расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимити давлатӣ» 17 майи соли 2004 қабул гардида, тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад. Қонуни конститутсионии мазкур аз 5 боб ва 41 модда иборат буда, ба он 11 маротиба (солҳои 2006, 2009, 2010, 2013, 2017, 2019, 2020, 2021 ва 2022) тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Аз риоя ва иҷрои дурусти қонуни конститутсионии мазкур таъмини тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал, аз ҷумла буҷет, молия, идораи амволи давлатӣ, истифодаи оқилона ва самараноки замин ва дигар захираҳои табиӣ, кишоварзӣ, муҳофизати табиат, сохтмон, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, умуман тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи маҳалҳо вобастагӣ дорад.
Пас аз омӯзиши Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» вакилони кумита бо мақомоти давлатии дахлдор суҳбатҳо гузарониданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои Қонуни конститутсионӣ мушкилиҳо дорад. Яъне ихтилофи табиии манфиати дутарафа — марказ ва маҳал. Мушкилиҳои ҷойдошта танҳо дар ҳамбастагии Парламент бо мақомоти давлатии дахлдор бартараф карда мешаванд.
Дар назди ҳозирин ҳамчунин кормандони масъули дигари вазорат ва кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳо иштирокчиёни муҳокимаи парлумонӣ ба саволҳо посух гуфта, қарор ва тавсияҳои парлумониро вобаста ба масъалаи рӯзнома қабул намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд






