35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Корҳои таъмиру навсозии Беморхонаи шаҳри Турсунзода бо маром идома доранд
ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ки аз се ошёна иборат аст, корҳои таъмиру навсозии ин муассисаи тандурустӣ бомаром идома доранд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода Тоҷиддин Ҳокимзода иброз намуд, корҳои таъмиру таҷдиди Беморхонаи марказии шаҳр бо ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода мешавад.
Тоҷиддин Ҳокимзода афзуд, ки намои беруни бинои беморхона дигаргуна ва тамоми дару тирезаҳо иваз карда шуда, фарши дохили шуъбаҳои беморхона ва долону роҳравҳои он сафолакпӯш карда шуданд. Шуъбаҳои таваллудхона ва амрози занона пурра аз таъмир бароварда шудааст.
Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дорои 570 кат буда, яке аз калонтарин беморхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад. Беморхона аз 32 шуъба, аз ҷумла, шуъбаҳои қабулгоҳ, ҷарроҳӣ, таваллудхона, амрози занона, кӯдакона, муолиҷа, ташхису табобат ва ғайра иборат мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳи рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.
Ҳамзамон дар беморхона коргоҳи истеҳсоли оксигени табии тиббӣ мавҷуд мебошад. Беш аз 1100 нафар ҳайати духтурон ва хизматрасонҳо дар ин бемрхона фаъолият доранд, ки аз он 155 нафар табиб, 500 нафар ҳамшираи шавқат, 230 нафар фаррош ва дигар кормандони хизматрасони тиббӣ ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода











Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст






