ЧИН — ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷумҳурӣ беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият дорад

Июль 4, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногуни афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноат беш аз пеш густариш меёбад.

Дар ин замина ширкатҳои хусусии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо корхонаҳо ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурда доранд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми муштараки ширкатҳои чинӣ асосан ба соҳаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ, семент, истихроҷ ва истеҳсоли маводи ғайримаъданӣ равона гардидааст.

Дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ 5 корхонаи сементбарорӣ, 21 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият доранд

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи сементбарорӣ, 21 корхонаи хиштбарорӣ, 1 корхонаи истеҳсоли газоблок, 1 корхонаи истеҳсоли шифер ва 1 корхонаи истеҳсоли гаҷкартон сохта, ба истифода дода шудааст, ки зиёда аз 500 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Соли 2023 дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори солонаи 30 миллион метри мураббаъ сохта шуд.

Ҳаҷми сармояи он зиёда аз 23 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар он 150 ҷойи кории нав фароҳам оварда шуд.

Дар оянда бунёд ва навсозии 3 корхонаи истеҳсоли хишт бо истифода аз роботҳои худкор дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

«Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» — калонтарин лоиҳаи муштараки Тоҷикистон ва Чин

Маҷмааи истеҳсолии нассоҷии «Ҷунтай – Данғара – Син Силу Текстил»-и ноҳияи Данғара калонтарин корхонаи коркарди нахи пахта дар Тоҷикистон маҳсуб шуда, он дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи саноат бунёд гардидааст.

Корхона сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли ресмони пахтагинро зиёд намуда, ба афзоиши иқтидори содиротии мамлакат саҳми бориз мегузорад. Аз соли 2014 то инҷониб корхона ба миқдори зиёда аз 1 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда шуда, сикли ресандагӣ ба пуррагӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори корхона 24,5 ҳазор тонна коркарди нахи пахта дар як сол ба ҳисоб рафта, айни замон дар корхона 1450 нафар корманд фаъолият доранд.

Соли 2023 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ба иқтидори 14,5 ҳазор тонна ресмони пахтагин, 14,9 миллион метри мураббаъ газвор, 4831,36 тонна нахи пахта 6852,7 чигити пахта, 1651,7 ҳазор дона футболка ва ба маблағи 764,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ, яке аз маҷмааҳои бузурги саноатӣ ва калонтарин лоиҳаи муштаракии Тоҷикистон ва Чин маҳсуб меёбад.

Дар соҳаи истихроҷ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва сангҳои қиматбаҳо 7 ширкат бо ҷалби сармояи Чин фаъолият дорад

Аз 21 ширкате, ки дар ҷумҳурӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо фаъолият доранд, 7 ширкат бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо шумораи кормандон дар ин давра 12500 нафарро ташкил дода, аз инҳо 11495 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1005 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.

Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» бо ҷалби беш аз 119 миллион доллари амрикоӣ 5 июли соли 2023, бо иштироки Президенти Тоҷикистон корхонаи металлургии истеҳсоли миси металӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Коргоҳи мисгудозии ҶДММ КМ «Зарафшон» бо технологияи муосир ҷиҳозонида шуда, хатҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд ва тибқи баҳогузории байналмилалӣ ба талаботи «иқтисоди сабз» мутобиқ мебошад.

Ба бунёди марҳилаи дуюми коргоҳи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» санги асос гузошта шуд

Инчунин дар шаҳри Истиқлол 30 марти соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёди марҳилаи дуюми коргоҳи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 42,6 миллион доллар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Корхонаи саноатӣ дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» сохта мешавад. Муҳлати бунёди корхона то охири соли 2024 пешбинӣ гардидааст. Сохтмони иншооти саноатӣ тибқи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади саҳм гузоштан дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат- 2022-2026 ба нақша гирифта шудааст.

Нақши ин корхонаи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини некӯаҳволии рӯзгори сокинон муассир хоҳад буд.

Коргоҳи сурбгудозӣ, анбори ашё, сехи тозакунии газҳои дудӣ, коргоҳи истеҳсоли чанги ангишт, анбор барои нигоҳдории руҳ, пойгоҳи коркарди обҳои гардон, сехи сурбу электролит ва дигар иншооти ёрирасон, имрӯз фаъолияти ин иқтидори саноатии мамлакатро комил сохтааст. Истеҳсолот дар корхона дар се марҳила сурат гирифта, ашёи хом барои тавлиди сурб ва руҳ аз кони Зарнисор дастрас карда мешавад.

Ба фаъолият оғоз намудани Фабрикаи бойгардонии «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» дар мавзеи Дуобаи Шарқӣ

5 июли соли 2023 дар мавзеи Дуобаи Шарқии ноҳияи Айнии вилояти Суғд Фабрикаи бойгардонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» бо иқтидори лоиҳавии коркарди 900 ҳазор тонна маъдан дар як сол ба фаъолият оғоз намуд.

Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» истихроҷи маъдан аз ду кон «Кумарғи Боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» амалӣ карда мешавад.

Кони «Кумарғи Боло» дар баландии қариб 4 ҳазор метр ва «Дуобаи Шарқӣ» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд.

Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар ҳаҷми беш аз 6 миллиард сомонӣ дар Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин

Чанде қабл дар Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин, ки дар Душанбе бо иштироки доираҳои соҳибкорону сармоягузрон ва ҳайатҳои давлатӣ баргузор гардид, санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаи бойгардонии маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулоқ», таъмин ва насби конструксияҳои сатҳи байналмилалӣ дар сохтмони Варзишгоҳи шаҳри Душанбе барои 3000 ҷойи нишаст, таъмини электромобилҳо барои хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанбе, хати кредитӣ барои харидорӣ намудани техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ дар конҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, сохтмони маркази логистикӣ, сохтмони заводи металургии «Талко Голд» ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.

Феълан дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият дошта, ҳаҷми сармояи чинӣ бошад, ба иқтисодиёти миллӣ дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 4, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид