Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

Июль 13, 2024 14:17

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин тадбир дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои барқарорсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ ва дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе» андешида мешавад.

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури навхобонидашудаи қутраш 1020 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 800мм дар хиёбони Сино ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, шаҳракҳои  11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00-и 15 июли соли 2024 то соати 16-00-и 16 июли соли 2024 қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 13, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид