Намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон мубодилаи донишу таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 июл намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ҷиҳати мубодилаи донишу таҷриба дар Гурҷистон ва Арманистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти молия иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз ин чорабиниҳо шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти буҷетӣ ва самараноки буҷети таҳсилоти Гурҷистон ва Арманистон мебошад.
Дар ин чорабиниҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар идораҳо иштирок доранд.
Бояд гуфт, ки сиёсати молиявӣ аз қисмҳои таркибӣ ва асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳамеша такмил ва татбиқи таҷрибаи бешрафтаро тақозо менамояд. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз василаҳои муассири таҳия ва ҷорӣ намудани тарҳҳои натиҷабахши молиявӣ маҳсуб меёбад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард






