Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 85,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад

Август 10, 2024 13:59

ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 85958 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод 43531 зан  ва 33494 ҷавон мебошад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 3588 шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардид. Дар ин хусус 9 август раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода зимни баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар шашмоҳаи якуми соли 2024 изҳор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки нимсолаи аввали соли 2024 ҳизбиёни пойтахт фаъолияти кории худро асосан ба корҳои ободониву созандангӣ, бунёдкорӣ, тозагиву озодагӣ ва сабзкориву хуррамгардонӣ равона намуданд.

Дар доираи ҳашари умумишаҳрӣ таҳти унвони «Шаҳри ман — хонаи ман» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар пойтахт 12508 шанбегии оммавӣ баргузор намуда, дар рафти онҳо 24680 дарахту ниҳол ва 71 094  гули ороишии мавсимӣ шинониданд ва дар масоҳати 12,935 метри мураббаъ сабзкорӣ анҷом доданд.

Зимни ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 85958 нафарро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 43531 нафар ё 50,64%-и онро занон  ва 33494 нафар ё 38, 96% -и онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Танҳо дар нимсолаи якуми соли равон 3588 шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ дар пойтахт 36 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Сохторҳои шаҳрии ҳизб дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар самти кор бо занон 573 чорабинии гуногунро бо фарогирии 45 ҳазору 417 нафар занону духтарон  ва дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш 958 чорабиниро бо фарогирии 61 ҳазору 211 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа доир намуданд.

Дар идома Конференсияи ХХI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2024 даъват карда шуд.

Дар фарҷом аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Август 10, 2024 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад