Аломати нави роҳ дар Аврупо: ронандагон бояд огоҳ бошанд, то 135 евро ҷарима нашаванд

Сентябрь 26, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ронандагони тоҷик, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғул мебошанд, бояд донанд, ки дар шоҳроҳҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо аломати нави роҳ дар шакли  ромб (чоркунҷае, ки ҳама тарафҳояш баробар, аммо гӯшаҳояш нобаробаранд) дар заминаи кабуд пайдо шудааст, ки масири истифодаи муштаракро ифода мекунад. Дар ин хусус АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аломати нав дар роҳҳои Фаронса ва давлатҳои дигари Аврупо метавонад ҳатто ронандагони ботаҷрибаро ба иштибоҳ андозад. Ин аломат танҳо барои таксиҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ё мошинҳое, ки ҳадди ақалл ду нафар, аз ҷумла ронанда нишастаанд, имкони ҳаракат дар масири муштаракро медиҳад. Вайрон кардани ин талабот, масалан, дар Фаронса метавонад сабаби ҷарима ба маблағи 135 евро шавад. Ҳадафи аломат ҷилавгирӣ аз монеаҳо ҳангоми пеш гузаштан аз мошин(ҳо)-и дигар ва ҳавасманд кардани одамон барои истифодаи бештари мошинҳои барқӣ ё нақлиёти ҷамъиятӣ барои коҳиш додани ифлосшавии ҳаво мебошад.

Чунин масири муштарак дар Амрико  дер боз истифода мешавад ва баъзе ронандагон бо роҳи фиреб дар назди худ дар салон як манекенро мешинонанд. Аз берун чунин ба назар мерасад, ки ин як мусофир аст. Бо чунин манекенҳо ронандагон дар хатҳои  муқарраршуда бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Ва баъзан пулис онҳоро боздошт мекунад. Агар дар Амрико масири муштараки мошинҳо ба меъёр табдил ёфта бошад, дар Фаронса ва умуман дар Аврупо ин падидаи нав аст.

Одатан чунин масир дар тарафи чап ҷойгир аст. Мантиқан, ин хати ҳаракати муштараки мошинҳо барои ҳавасманд кардани фаронсавиҳо ҷиҳати мубодилаи мошинҳои худ ба хотири кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи таҳқиқоти экологҳо, далели одии мубодилаи мошини шумо ин партовҳоро барои мусофирон тақрибан 10 фоиз коҳиш медиҳад.

Қаблан ин аломати роҳ дар Аврупо танҳо дар Фаронса истифода мешуд, ки дар он ҷо аз соли 2020 дар шаҳрҳои Лион, Гренобл ва Страсбург бори аввал санҷида шудааст. Танҳо дар як соли охир шумораи чунин аломати роҳ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: онҳоро дар Лион, Гренобл, Страсбург, инчунин дар Ренн, Нант ё қаламрави Париж пайдо кардан мумкин аст. Шаҳрҳои дигар, ба монанди Марсел, Лилл ё Экс-Ан-Прованс низ бояд онро ба зудӣ бубинанд.

Гуфта мешавад, ки дар Лион аллакай камераҳо насб карда шудаанд, то ҳаракати мошинҳоро дар доираи ин аломат назорат кунанд. Аломати «ромб» ба хати нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо ва мошинҳо бо стикери Crit’air ишора мекунад, ки маънои сатҳи пасти партовҳои газҳои гулхонаиро дорад. Он инчунин мошинҳои барқиро низ дар бар мегирад, ҳатто агар онҳо танҳо як ронанда дошта бошанд.

Яъне, агар мошин тиҷоратӣ ё танҳо ронанда дар он нишаста бошад, вай наметавонад аз ин хат истифода барад. Аломатҳои шабеҳи ромб одатан дар лавҳаҳои электронӣ фаъол карда мешаванд. Назоратчиҳо вобаста ба вазъи роҳ онҳоро фаъол ё хомӯш мекунанд. Масалан, дар шоҳроҳи A7 байни Лион ва Сент-Этйен он бештар дар соатҳои авҷи ҳаракат дар субҳ ва шом, вақте ки шиддати ҳаракати нақлиёт (трафик) баланд аст, фаъол карда мешавад.

Дар айни замон ин аломат дар минтақаи Рона-Алпи Фаронса низ зуд-зуд пайдо мешавад. Дар он ҷо истифодаи ин аломат бинобар зарурати ҷилавгирӣ аз танбашавӣ ҳангоми пеш гузаштани мошинҳо аз ҳамдигар, инчунин ташвиқи истифодаи мошинҳои барқӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ барои коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ба миён меояд.

Сарфи назар аз якрангӣ ва шабоҳати зоҳирӣ бо аломатҳои роҳҳои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аксар давлатҳои Аврупо Конвенсияи Венаро дар бораи аломатҳои роҳ ва сигналҳои соли 1968-ро қабул кардаанд), дар аломатҳои роҳҳои Аврупо фарқияти назаррас мавҷуд аст, ки асоситарини онҳо ба фарқияти ҷуғрофӣ, фарқият дар маънӣ, истифодаи тарҳҳои гуногуни рӯшноӣ, истифодаи забонҳои маҳаллӣ (баъзан дузабонӣ) ва ғайра рабт доранд.

Ёдовар мешавем, ки аломатҳои роҳҳои Тоҷикистон бо Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар асоси стандарти байналмилалӣ муқаррар гардида, бори охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳаракати роҳ»  тасдиқ шудаанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст
Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид