Ҳамкории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Русия тақвият меёбад

Сентябрь 16, 2024 16:48

ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи тақвият ёфтани ҳамкории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Русия дар вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам буда, даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият доранд.

Тазаккур дода шуд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ташкили ҷойи нави кор ва ҳамзамон ҷалби сармоя таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Зимни вохӯрӣ дар самти аз худ намудани заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои шакли нав, ташкили корхонаҳои коркарди мева, пахта ва истеҳсоли матоъ аз пахта, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол ва истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод шуданд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 16, 2024 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад