Дар ҳамоиши илмӣ масъалаи афзалияти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Сентябрь 25, 2024 18:57

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти  омодасозии мутахассисони соҳавӣ мавқеи устувор дорад. Он тавассути шабакаи донишкадаҳои байналмилалӣ дар минтақаҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ саҳм мегузорад. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло  Асрорзода дар ҳамоиши илмӣ, ки  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) дар ин донишгоҳ баргузор гардид, таъкид намуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш роҳбарияти  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо,  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ сухан намуданд.

Сайёҳӣ на танҳо сарчашмаи рушди иқтисодӣ, балки воситаи пешбурди фарҳанг, пайванди тамаддунҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу дӯстӣ байни халқу давлатҳо маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ хостори сулҳу ваҳдат ва тарғибгари ташаббусҳои созанда мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Оянда, ки дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин ташаббус воқеан метавонад дар рушди сайёҳии байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.


Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ба таври расмӣ шуруъ аз соли 1980 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гузаронида мешавад. Мақсади ин рӯз фароҳам овардани заминаи ҳамкорӣ байни давлатҳо, пешбурди фарҳанг, сулҳ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисод ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ ба афзалияти стратегӣ табдил ёфтааст. Иқдоми муассир ва дурандешонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бозгӯи он аст, ки соҳаи сайёҳӣ метавонад дар таҳкими иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор саҳми муҳим гузорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон инфрасохтори сайёҳӣ рушд ёфта, аз ҷумла бунёди роҳҳои замонавӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд, марказҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, хизматрасонии мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ба таври назаррас сода гардонидани низоми раводид ба ҷалби бештари сайёҳон аз саросари ҷаҳон равона шудааст.

Таъкид гардид, ки ҳадафи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон на танҳо омода намудани мутахассисони касбӣ барои бозори меҳнат, балки ҷалби сайёҳон ба ватани зебоманзарамон, пешниҳоди хизматрасонии баландсифат ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои рушди сайёҳӣ мебошад.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо, омӯхтани донишҳои муосир ва таҷрибаи касбӣ муҳити муносиб фароҳам оварад. Бояд донишҷӯён на танҳо дониши муосирро дар бораи сайёҳӣ аз худ намоянд, балки бо фарҳанг ва арзишҳои миллии ниёгон шинос шуда, онҳоро ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ бо ифтихор муаррифӣ карда тавонанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад