Дар Женева Шарҳи чоруми фаъолияти экологии Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женева ҷаласа доир ба муҳокимаи лоиҳаи Шарҳи чоруми фаъолияти экологии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва коршиносони байналмилалии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии Шарҳи чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад. Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо барои беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат намуда, мубодилаи иттилоотро байни давлатҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд. Инчунин ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ташвиқ месозад.
Дар лоиҳа арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мувофиқаи вазифаҳои экологию иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҳама бахшҳо инъикос ёфтаанд. Зимни баррасии лоиҳа воқеияти тавсияҳои коршиносон доир ба фаъолияти экологии Тоқикистон аз ҷониби намояндагони Кумита муҳокима гардида, бо назардошти эродҳо таҳрир карда шуд.
Баррасии шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро барои наслҳои оянда таъкид менамояд.
Тоҷикистон дар соҳаи экология ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, талошҳоро барои ба даст овардани муваффақият идома медиҳад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






