Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дастҷамъона тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, дар Рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.
Президенти ҷумҳурӣ омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик гуфта, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки давомии чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе панҷ муассисаи таълимӣ, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат бунёд гардидаанд, ба фаъолият оғоз карданд.
Бояд гуфт, ки солҳои 2017 – 2023 дар шаҳри Душанбе барои 72 ҳазор хонанда мактабҳои замонавии дорои шароиту имконияти беҳтарин бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки танҳо давоми имсол барои беш аз 12 ҳазор нафар фарзандони сокинони пойтахт муассисаҳои муосири таълимӣ бунёд карда, шароити таълиму тадрисро дар пойтахти мамлакат бамаротиб беҳтар гардонад.
Илова бар ин, ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 24 муассисаи нави таълимӣ барои 47 ҳазор хонанда ва 55 муассисаи томактабӣ барои 11 ҳазору 500 нафар кӯдакон босуръат идома дорад.
Танҳо дар шаш моҳи имсол дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда идома дорад, ки то охири сол мавриди истифода қарор дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






