ОҒОЗИ ЭҲЁИ ВАРЗИШИ СУННАТИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба анҷом расид

Сентябрь 1, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28-31 август дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон  иштирок намуданд.

Мояи ифтихор аст, ки дар доираи баргузории нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 29 августи соли 2024 бо иштироки намояндагони 62 кишвари олам Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардиданд.

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмааи обии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо осорхонаи навтаъсис шинос шуданд.

Дар осорхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих ва дастовардҳои соҳаи варзиши гӯштингирӣ то замони истиқлол ва баъди истиқлоли давлатӣ муаррифӣ шуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки муҳайё намудани шароити созгори инфрасохториву ташкилӣ барои рушди варзиш, бо шумули гӯштингирӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва бо талошу кӯшишҳои пайваста гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.

«Натиҷаи тадбирандешиҳо дар ин самт аст, ки давлати мо имрӯз мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба ин намуди варзиш, аз ҷумла нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад»,- изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи суханронӣ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе илова бар ин ки мизбони ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра мебошад, дар ин шаҳри зебову муосири тоҷикон бузургтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ низ баргузор мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон, инчунин дигар мусобиқаҳои сатҳи баланди милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард”.

Пешвои миллат баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, яъне нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро омили муҳими тақвияти саломатӣ ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо ва пойтахти Тоҷикистони азизи мо — шаҳри Душанберо шаҳри сулҳу дӯстӣ номиданд.

Дар рӯзи якуми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн- то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.

Дар вазнҳои то 65, 71 ва ҷамъи 95 кг гурӯҳи мардона варзишгарони тоҷик — Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуданд.

Дар вазни то 70 кг байни духтарон варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибони вазни то 65 кг медалҳо ва ҷоизаҳои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро тақдим намуданд.

Ба ҷоизадорони вазни то 71 кг медал ва ҷоизаҳои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва барандаи медали биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 Темур Раҳимов тақдим намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи нахустини Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе

Вазни -65 кг

1.Муллораҷаб Халифаев ( Тоҷикистон)
2.Абрек Нагучев (Русия)
3.Шаҳбоз Саидабуроров (Тоҷикистон)
3.Артём Штурбабин (Узбекистон)

Вазни -71 кг

1.Масъуди Аҳмадзод (Тоҷикистон)
2.Дилшод Буриев (Узбекистон)
3.Илёс Покдил (Эрон)
3.Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

Вазни -70 кг

1.Гулноза Матниёзова (Узбекистон)
2.Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
3.Ли Ван-Тинг (Тайпеи Чин)
3.Камила Бадурова (Русия)

Вазни +95 кг

1.Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
2.Муҳсин Ҳисомиддинов (Узбекистон)
3.Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
3.Натеа Лийе Даниел (Руминия)

Дар рӯзи дуюми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 5 вазн то -78 кг, -86 кг ва -95 кг байни мардон ва дар вазнҳои -52 кг ва +70 байни духтарон қувваозмоӣ намуданд.

Дар вазнҳои то -86 кг ва -95 кг варзишгарони тоҷик Ҳақназар Назаров ва Кароматулло Ҳакимов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар ин вазнҳо шуданд. Дар вазни -86 кг Қоим Шукронов, дар вазни -95 кг Улуғбек Раҳимов ва дар вазни -52 кг   Мадина Қурбонзода аз Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми  нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе

Вазни -78 кг

1.Алӣ Турсунов (Русия)
2.Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)
3.Қоим Шукронов (Тоҷикистон)
3.Рамин Аҳмадзода

Вазни -52 кг

1.Ирина Хубулова (Русия)
2.Гантсетсег Ганболд (Муғулистон)
3.Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)
3.Нехитбаатар Баярмал (Муғулистон)

Вазни -86 кг

1.Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
2.Умар Бозоров  (Узбекистон)
3.Саидимаданӣ Саидмуҳаммадризо  (Эрон)
3.Анри Эгутидзе (Португалия)

Вазни +70  кг

1.Жоу Ҷунжи (Чин)
2.Олга Артошина (Русия)
3.Покизахон Камолиддинова (Узбекистон)
3.Фотима Бармакӣ (Эрон)

Вазни -95  кг

1.Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон)
2.Бека Гвиниашвили (Гурҷистон)
3.Улуғбек Раҳимов (Тоҷикистон)
3.Гуванг Бегамов (Туркманистон)

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим гардид.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро гирифтанд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷонвари нодири Тоҷикистон – бабри барфӣ рамзи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ пазируфта шуд.

Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид