САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд

Сентябрь 9, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1 июли имсол маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардидааст. Чунин баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дарвоқеъ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки баҳри рушди соҳа амалӣ мешаванд.

Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он идома дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар мегардад.

Дар ин давра илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.

Агар соли 2000 ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бояд иброз намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ намуда, барои пешрафти он аз тамоми имконот истифода менамояд. Зеро барои ҳамқадами замон будан, пеш аз ҳама, бояд насли донишманд ва босавод тарбия намуд.

Аз суханрониҳои ҳамешагии Президенти Тоҷикистон бармеояд, ки мақоми омӯзгор дар низоми маорифи миллӣ афзалият дошта, ҷойгоҳи хосеро дар бунёди ҷомеаи солим ва давлати миллӣ соҳиб мебошад. Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, бо заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат бо шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад. Ба ин хотир ҳам дастур доданд, ки дар мамлакат Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия карда шавад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи ҷавонон ва насли наврас вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистанд, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф аст. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор садоқату самимият ва масъулиятшиносиву кӯшиши даҳчанд талаб менамояд. Зеро, бе рушди соҳаи маориф, ки он аз фаъолияти содиқонаву пурмаҳсули омӯзгорон вобастагии зиёд дорад, пешрафти давлат ғайриимкон аст. Пас, фаъолияти бомароми омӯзгорон, ҳамкории зич байни волидону омӯзгорон ва дастгирии давлат имкон мебахшад, ки сифати корҳои таълимиву тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ торафт беҳтар гардида, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин карда шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

5 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави паёмҳои Президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи омӯзгорон доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
МАҚОМИ МУАЛЛИМ. Дар Ҳисор Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд
Бахшида ба Рӯзи омӯзгор 172 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ шуданд
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон муайян шуданд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври сеюми озмун соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
БА ШАРАФИ РӮЗИ ОМӮЗГОР. Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муаллимони фаъолу навовар қадрдонӣ шуданд