Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

Сентябрь 13, 2024 09:46

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо ятимон суҳбат намуда, бо тақдими туҳфаҳои арзишманд хотири ҳар яки онҳоро шод гардониданд.

Туҳфаҳои арзишманди Сарвари давлат ба 38 нафар ятим, ки 18 нафарашон ятимони кулл ва 9 каси онҳо духтарон мебошанд, аз либоси мактабӣ ва миллӣ барои духтарон, пойафзол, ҷузвдон, аёниятҳои хониш ва маблағи пулӣ иборат аст.

Бо гирифтани туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва суҳбати озоду самимӣ онҳо бори дигар эҳсос намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи зиндагӣ беҳтарин пуштибон ва дастгиру мададгори ятимон ҳастанд.

Аз ин хотир ҳар яки онҳо бо хушнудӣ иброз намуданд, ки фарзандони хушбахти замони соҳибистиқлолианд ва дар ватане зиндагӣ мекунанд, ки бо таваҷҷӯҳу дастгирии роҳбари давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор доранд.

Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат зимни ҳар як сафари корияшон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимону бепарасторон мулоқоти самимӣ анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимию падарона бо ятимону бепарастороне, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, такроран таъкид доштанд, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намемонанд ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон раҳнамоӣ мекунанд.

Ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳо ятимон ваъда доданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди барояшон фароҳамшуда, савияи дониши хешро боз ҳам баланд бардошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат менамоянд ва шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекунанд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар бинои истиқоматии баландошёнаи навбунёд дар ноҳияи Рашт 13.09.2024

Сентябрь 13, 2024 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон 649 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш 90 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд