Созишнома оид ба тартиби ҳамкорӣ дар минтақаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Тошканд ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи мулоқоти намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» Протоколи масъалаҳои баррасишуда ва Созишнома оид ба тартиби ҳамкорӣ дар минтақаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Тошканд ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд.
Бо мақсади татбиқи нақшаҳои мувофиқашуда дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда, бо фаъолияти Маркази «Узаэронавигатсия» аз наздик шинос шуд.
Ҷонибҳо инчунин масоили техникии долонҳои навро, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаи «AGVUT» анҷом меёбад, баррасӣ намуданд. Долони нави ҳавоӣ аз ҷиҳати сарфаи вақт ва сӯзишворӣ барои истифодабарандагон муфид мебошад.
Дар идома маҳсулоти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»- Системаи автоматикунонидаи банақшагирии парвозҳо ва дастовардҳои дар робита ба татбиқи PBN ноилгардида муаррифӣ шуданд.
Ҳамзамон гурӯҳи кории «Тоҷикаэронавигатсия» бо Хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ ва Маркази омӯзишӣ-тамринӣ, ки дар бинои таълимии ширкати «Uzbekistan Airways» ҷойгир мебошад, шинос шуд.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»










Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид






