941 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистонро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст.
Дар ин давра шумораи шарвандони хориҷӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 миллиону 118,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 852,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳ мебошанд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки аз давлатҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 104,7 ҳазор нафар буда, 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳ аст.
Ба иттилои Агентии омори мамлакат, аксар шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, аз Узбекистон буда, шумораи онҳо беш аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аз Федератсияи Русия беш аз 329,0 ҳазор нафар, аз Қазоқистон- 28,9 ҳазор нафар, Қирғизистон- 4,4 ҳазор нафар, Туркманистон- 4,1 ҳазор нафар, Ҷумҳурии Мардумии Чин- 21,6 ҳазор нафар, Афғонистон- 10,4 ҳазор нафар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- 9,2 ҳазор нафар, Эрон- 6,8 ҳазор нафар, Туркия- 6,1 ҳазор нафар, Олмон- 5,2 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Бангладеш – 3,3 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея — 2,2 ҳазор нафар, Фаронса, Ҷопон, Италия, Покистон ва Полша- 2,1 ҳазор нафарӣ, Австралия- 1,9 ҳазор нафар ва аз Канада 1,8 ҳазор нафар омадаанд.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Таваҷҷуҳ ва афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нишони он аст, ки соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҳоли рушд қарор дорад.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд






