Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар Душанбе баландтарин торт бо нақшу нигори миллӣ омода гардид

Октябрь 21, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 21.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Қаннодони Федератсияи ҷаҳонии тарабхонаҳои варзишӣ WFRS  аз Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе калонтарин тортро бо вазна 200 кило ва баландии 2 метр тайёр намуданд. Ин ширинӣ аз ҷониби  Агентии раддабандии авруосиёии ERA ҳамчун баландтарин ширинии қаннодӣ сабт шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дорданд.

Ширинӣ бо нишонаҳои нақшу нигори миллӣ- акси Қалъаи Ҳисор, меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ва пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ омода гардида, пешниҳоди иштирокчиён ва меҳмонон ҷашни миллии Меҳргон гардонида шуд.

Қаннод аз Тоҷикистон Юлдузхон Фармонова, ки дар омода намудани ин ширинӣ саҳм гузоштааст, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «ин маҳсулоти қаннодӣ аз чанд қабат иборат аст. Пояи мураббаъ бо паҳнои 1,1 метр бо 20 ҳайкалчаи бо намуди қаланфур сохташуда, ки дар шакли маконҳои дидании Тоҷикистон буданд, оро дода шуд. Ба болои он ду ошёнаи дигари мудаввар бо нақшҳои миллӣ ва шакли тарбуз, харбуза, ангур ва меваҳои гуногуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон гузошта шуд».

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, барои ин ширинии калонҳаҷм 160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд (барои зефир) сарф шуд.

Ин ширинӣ ба Рӯзи ҷаҳонии ошпазон ва ҷашни миллии кишоварзии Тоҷикистон — Меҳргон, ки ҳарду 20 октябр таҷлил гардиданд, бахшида шуд.

Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин дар Иди Меҳргон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат гӯшаи сайёҳӣ ташкил карда шуд. Дар он имконоти  сайёҳии аграрӣ, сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва сайёҳии кӯҳнавардӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла муаррифии хӯрокҳои миллӣ, фарҳанги қадимии халқи тоҷик ва меҳмоннавозию меҳмондории тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муносиб мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад