Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон ба давраи зимистон омода мебошанд
ХУРОСОН, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ як миллиону 288 ҳазору 941 сомонӣ маблағгузорӣ намудааст, ки ба 108,7 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон иттилоъ доданд.
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон гуфтанд, ки то имрӯз барои давраи зимистон 69 муассисаи таълимию томактабии ноҳия 593 тоннаю 143 кг ангишт, 444 метри мукааб ҳезум ва 1556 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд. Ҳамчунин дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бухорӣ, генераторҳои барқӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳии барқӣ омода мебошанд.
Беморхонаҳои марказии ноҳияи Хуросон ва беморхонаҳои минтақавии он бо зиёда аз 17 тонна ангишти хушсифат таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин Маркази саломатии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии деҳоту бунгоҳҳои тиббӣ бо 7500 кг ангишт, 55 гармкунаки барқӣ, 46 печкаи аловӣ ва 3 генератори барқии коршоям таъмин мебошанд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, захиранамоии маводи сӯхт дар сохторҳои буҷетии ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқшуда ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистони дарпешистода идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






