Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и Ашт зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад

Октябрь 6, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и ноҳияи Ашт зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ, ба монанди амури сафед, пешонапаҳн ва зағорамоҳӣ парвариш меёбанд, ки ин тадбир иқдоми муҳим дар самти амалишавии «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Давоми солҳои 2019-2023 дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст. Дар соли равон бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар ин хоҷагӣ ба 600 тонна расонида мешавад.

Ҳамзамон ин тадбир ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад.

Хоҷагидорони ҷамъият бо мақсади рушди соҳа ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ дар ин мавзеъ бори аввал моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ парвариш менамоянд. Бо чунин тарз парвариш намудани моҳӣ ба хоҷагидорон манфиати бештар меорад, зеро дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ дар ҳамин масоҳат метавон ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш намуд.

Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии «Рахшона» 10 гектар аст. Ҳоло дар ин масоҳат бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаи хуб ба бор орад.

Даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» ба ғайр аз моҳипарварӣ парвариши мурғобӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст.

Тибқи низоми содакардаи андоз­бандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудаанд. Ҳадаф аз ин иқдом ба таври шоиста парвариш намудани моҳӣ, рушди соҳа ва бештар ҷалби намудани соҳибкорон ба моҳипарварӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 6, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд