Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология ба Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳҳои замонавии рақамӣ ворид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геалогияи тоҷик хабар доданд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии барои соли 2024 ҷудогардида аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоти пармагарӣ, аз ҷумла дастгоҳи пармагарии муосир бо қудрати пармагарӣ то 200 метр умқи замин, 2 дастгоҳи пармагарии кофтани замин аз 400 то 1000 метр, ки барои гирифтани марза истифода бурда мешавад ва як пойгоҳи барқии 65 кВт харидорӣ гардиданд.
Дастгоҳҳои пармагарии каланковии тамғаи XY-4t барои корҳои иктишофӣ – геологӣ дар конҳои канданиҳои фоиданок истифода бурда мешаванд.
Пешбурди омӯзиши геологии дилхоҳ кони канданиҳои фоиданок ба техникаву таҷҳизоти замонавӣ ниёз дорад, ки мутахассисони соҳа аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Дар доираи барномаи давлатӣ давра ба давра ба корхонаҳои зертобеи Саридораи геология низ таҷҳизоти замонавӣ ва рақамӣ ворид мегарданд.
Инчунин дар самти чен кардани масофа, кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ дастгоҳи замонавии рақамӣ- тахеометр ворид гардид. Бо ин асбоб аксбардории автоматиро бе истифода аз нурафкан ба тарзи лазерӣ низ гузаронидан мумкин аст. Ин корҳои саҳроиро тақрибан 55 фоиз зиёд иҷро ва хавфи хатарро бартараф менамояд.
Дастрас гардидани чунин дастгоҳу техникаи муосир натиҷаи ғамхории роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи геологияи тоҷик мебошад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






