Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус иқомат доранд, муфассал баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон инчунин оид ба ҳамкории ду давлат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






