Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахта ба 36 фоиз баробар гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд саҳмдорону чинакчиён шуруъ аз оғози мавсими пахтачинӣ ба ҷамъоварии ҳосил машғул шуда, дар як рӯз аз 200 то 220 тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд. То имрӯз дар ноҳия 6800 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 36 дарсади нақшаи истеҳсол баробар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз калонтарин ноҳияҳо дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, соли равон истеҳсоли 18 713 тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои пахтакор ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад.
Пахта маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- интихоби навъи чигити муносиб ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад. Инчунин шарти дигаре, ки марди деҳқон бояд ба он таваҷҷуҳи бештар равон намояд, риояи муҳлати кишти чигит мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






