Дар Тоҷикистон 368 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд

Октябрь 26, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон 368 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   13,7 ҳазор субъект зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз инҳо 50,4 ҳазор соҳибкор тибқи патент, 36,7 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 60,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият намуда, 179,6 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунанд.

Аз ин шумора 327 ҳазору 106 нафарро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  12 ҳазору 598 адад зиёд аст.

Ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри имсол аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40 ҳазору 883 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  1183 нафар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Ҳамчунин барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ба сармоягузорӣ ҷалб намудани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Тибқи таҳлилҳои иқтисодчиён, дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, дар рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд