Дар вилояти Хатлон оид ба вазъи ҷамъоварии пахта ҷаласа доир шуд

Октябрь 29, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид, ки зимни он бо изҳори нигаронӣ аз ҷараёни ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта таъкид шуд, ки кишоварзон бояд аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ самаранок истифода намоянд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқонон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 120 ҳазор гектар чигит кишт гардидааст. Мутобиқи нақша дар вилоят бояд 295 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 29, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»