Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид

Октябрь 2, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст вакилон ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро баррасӣ намуданд. Дар робита ба ин муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум якҷо бо раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои татбиқи босамари ин барнома корҳоро дар самти рушди харитасозӣ, беҳтарсозии инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз қабили хатҳои муҳандисии обу корез ва барқу гармӣ тақвият бахшанд.

Ҳамчунин барои таъмини фаъолияти пурмаҳсул, тарбияву ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ва ҳарчи тезтар гузаштан ба низоми рақамӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи иҷлосия вакилон ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиёт»-ро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба муовини Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, малакаи касбии кормандони соҳаҳо ва риояи интизоми фарҳанги шаҳрнишинӣ ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ дастурҳо доданд.

Хамзамон бо ин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаи нақлиёти шаҳрро баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ҷалб намуданд. Зеро пойтахт оинаи миллату давлат мебошад.

Сипас ҷараёни татбиқи «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025» ва ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо мақсади таъмини босифат ва иҷрои саривақтии ин барнома корҳоро бо шарикони рушд ва ташкилоти молиявии байналмилалӣ тақвият бахшида, таваҷҷуҳи асосиро ба ҷалби ҳарчи бештари маблағҳои грантӣ равона намоянд.

Ҳамзамон бо ин, масъулинро даъват намуданд, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ҳамкориро бо соҳибкорони саховатпеша вусъат бахшанд.

Вакилон дар идома масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошимро баррасӣ намуданд.

Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» пешниҳоди Раиси шаҳри Душанберо дар бораи ба номи Одина Ҳошим гузоштани Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанбе дастгирӣ намуда, барои баррасӣ ба иҷлосия пешниҳод кард.

Вакилон ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.

Вакилон ҳамчунин якчанд қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинон, раисони ноҳияҳо ва тамоми сохторҳои шаҳрдорӣ барои омода намудани инфрасохтори пойтахт ба давраи зимистони соли 2024-2025, аз қабили омода будани бинову иншоот барои қабули энергияи гармӣ, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дегхонаҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, ба миқдори зарурӣ захира намудани равғанҳои молиданӣ, сӯзишворӣ, маводи зидди лағжиш ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаҳои коммуналӣ дастурҳо доданд.

Ҳамзамон аз вакилон даъват ба амал оварда шуд, ки бо аҳолӣ ва сокинони шаҳри Душанбе бобати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд. Ба дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ дар давраи зимистони солҳои 2024-2025 чораҷўӣ намоянд.

Бо ҳамин иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Октябрь 2, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Пагоҳ Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов муваққатан қатъ мегардад