«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври сеюми озмун соҳиби ҷойҳои намоён шуданд

Октябрь 2, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ғолиби ду ҷойи якум, се ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, магистранти курси 1-уми факултети механикӣ ва технологӣ Хушбахт Мирзовалиев дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ», донишҷӯйи курси 2-юми факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шаҳриёр Иноятов дар номинатсияи «Физика ва астрономия» ғолиби ҷойҳои якум гардиданд.

Донишҷӯйи курси 4-уми факултети энергетикӣ Ҳотамҷон Замонов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ», докторанти PhD факултети сохтмон ва меъморӣ Бахтиёр Гулямов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯйи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Сиёвуш Файзуллоев дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» ғолиби ҷойҳои дуюм гардиданд.

Донишҷӯйи курси 2-юми факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Наврӯзшоҳ Камолзода дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ», донишҷӯйи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Бинёмин Афроимов дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» ва донишҷӯйи курси 2-юми факултети сохтмон ва меъморӣ Шаҳзод Сангинзода дар номинатсияи «Химия» ғолиби ҷойҳои сеюм гардиданд.

28 сентябр ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар чорабинии тантанавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷоизаву Диплом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.

Ҳадафи он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва пайвасти илм бо истеҳсолот буда, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид